Муборак соате бошад, ки бо манзур биншини,
Ба наздикат бисўзонад, магар к-аз дур биншини.
Ук,обон медарад чанголи бози ох,анинпанч,а,
Туро боз х,амин бошад, ки чун усфур биншини.
Набояд, гар бисўзандат, ки фарёд аз ту бархезад,
Агар хох,и, ки чун парвона пеши нур биншини.
Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболи шав,
На ёрон маст бархезанду ту мастур биншини.
Мае хўр, к-аз сари дунё тавони хостан якдил,
На он соат, ки х,ушёрат кунад, махмур биншини.
Таманнои шикам рўзе кунад ягмои мўронат,
Агар х,ар ч,о ки ширинист, чун занбўр биншини.
Ба сурат з-он гирифтори, ки дар маъни намебини,
Фаромўшат шавад ин дев, агар бо х,ур биншини.
Напиндорам, ки бо ёрат висол аз даст бархезад,
Магар,к-аз ч,ар чи х,аст андар ч,ах,он, мах,ч,ур биншини.
Миёни хобу бедори тавони фарк кард онгах,,
Ки чун Саъди ба танх,ои шаби дай ч,ур биншинй.




Басам аз хаво гирифтан, ки паре намонду боле,
Ба куч,о равам зи дастат, ки намедих,и мач,оле.
На рах,е гурез дорам, на тарик,и ошнои,
Чи fам ўфтодаеро, ки тавонад эх,тиёле.
Хама умр дар фирокат бигузашту сах,л бошад,
Агар эх,тимол дорад ба к,иёмат иттисоле.
Чи хуш аст дар фироке х,ама умр ба умеди он, ки рўзе ба каф ўфтад висоле.



ри ман он, ки лутфи Худовандро ба хакикат канор нест,
В-ар хаст, пеши ахли хакикат канори ўст.
Дар ахди Лайли ин хама Мач,нун набудаанд,
В-ин фитна барнахост, ки дар рўзгори ўст.
Сохибдиле намонд дар ин фасли навбахор,
Бовар макун, ки сурати ў ахли ман бибурд,
Ахли ман он бибурд, ки суратнигори ўст.
Гар дигарон бар манзари зебо назар кунанд,
Моро назар бар кудрати парвардигори ўст.




Сари чонон надорад, хар ки ўро хавфи чон бошад,
Ба чон гар сўхбати чонон барояд, ройгон бошад.
Мугелон чист, то хоч,и инон аз Каъба барпечад?
Хасак дар рохи муштокон бисоти парниён бошад.
Надорад бо ту бозоре, магар шўридаасроре,
Ки мехраш дар миёни чону мўхраш бар дахон бошад.
Парирўё, чаро пинхон шави аз мардуми чашмам?
Париро хосият он аст, к-аз мардум нихон бошад.
Нахохам рафтан аз дунё, магар дар пойи деворат,
Ки то дар вакти чон додан сарам бар остон бошад.
Гар аз рои ту баргардам, бахилу ночавонмардам,
Равон аз ман таманно кун, ки фармонат равон бошад.
Ба дарёи гамат гаркам, гурезон аз хама халкам,
Гурезад душман аз душман, ки тират дар камон бошад.
Халоик дар ту хайронанду ч,ойи хайрат аст, алхак,
Ки махро бар замин бинанду мах бар осмон бошад.
Миёнатрову мўятро агар сад рах бипаймойи,
Миёнат камтар аз мўйеву мўят то миён бошад.
Ба шамшер аз ту натвонам, ки рўйи дил бигардонам,
В-агар милам каши дар чашм майлам хамчунон бошад.
Чу Фарход аз чахон берун ба талхи меравад Саъди,
Валекин шўри Ширинаш бимонад, то ч,ах,он бошад.

Хостинг от uCoz